Шокирҷон Ҳакимов: дахолати ҳукумат ба ҳаёти шахсӣ бештар мешавад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки бо қабули тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милии ҶТ», ҳукуматдорони кишвар ҳарчи бештар ба ҳаёти шахсии одамон дахолат мекунанд.

«Тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба қонуни танзими ҷашну маросимҳо ба меъёрҳои асосӣ дар бахши ҳуқуқи инсон ва қонунҳои иқтисоди бозорӣ мухолиф буда, озодии баргузор намудани чорабиниҳои алоҳидаи шахсӣ, интихоби сарулибосро поймол мекунад», – мегӯяд Ҳакимов.

Ба гуфтаи номбурда, дар баъзе ҳолатҳо ҳукуматдорон ҳарчи чуқуртар ба ҳаёти шахсии шаҳрвандони кишвар ворид мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳакимов эътироф намуд, ки тайи солҳои ахир бисёре аз маросимҳои тӯйу азодорӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандони ноогоҳ тибқи усули мусобиқа – «Кӣ бештару кӣ беҳтар» гузаронида шуданд.

«Дар чунин шароит албатта хубтар мебуд, агар миёни аҳолӣ доир ба масъалаи гузаронидани маросимҳо бо назардошти имконоти иқтисодии ҳар як оила таблиғот бурда мешуд, на балки тибқи қонун ҳама чизро манъ кард», – иброз дошт сиёсатмадор.

Ҳакимов мутмаин аст, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ намунаҳои натиҷаҳои пурмаҳсул ба бор овардани қонунҳои манъкунанда кам аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...