Шокирҷон Ҳакимов: дахолати ҳукумат ба ҳаёти шахсӣ бештар мешавад

Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки бо қабули тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милии ҶТ», ҳукуматдорони кишвар ҳарчи бештар ба ҳаёти шахсии одамон дахолат мекунанд. «Тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба қонуни танзими ҷашну маросимҳо ба меъёрҳои асосӣ дар бахши ҳуқуқи инсон ва қонунҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки бо қабули тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милии ҶТ», ҳукуматдорони кишвар ҳарчи бештар ба ҳаёти шахсии одамон дахолат мекунанд.

«Тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба қонуни танзими ҷашну маросимҳо ба меъёрҳои асосӣ дар бахши ҳуқуқи инсон ва қонунҳои иқтисоди бозорӣ мухолиф буда, озодии баргузор намудани чорабиниҳои алоҳидаи шахсӣ, интихоби сарулибосро поймол мекунад», – мегӯяд Ҳакимов.

Ба гуфтаи номбурда, дар баъзе ҳолатҳо ҳукуматдорон ҳарчи чуқуртар ба ҳаёти шахсии шаҳрвандони кишвар ворид мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳакимов эътироф намуд, ки тайи солҳои ахир бисёре аз маросимҳои тӯйу азодорӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандони ноогоҳ тибқи усули мусобиқа – «Кӣ бештару кӣ беҳтар» гузаронида шуданд.

«Дар чунин шароит албатта хубтар мебуд, агар миёни аҳолӣ доир ба масъалаи гузаронидани маросимҳо бо назардошти имконоти иқтисодии ҳар як оила таблиғот бурда мешуд, на балки тибқи қонун ҳама чизро манъ кард», – иброз дошт сиёсатмадор.

Ҳакимов мутмаин аст, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ намунаҳои натиҷаҳои пурмаҳсул ба бор овардани қонунҳои манъкунанда кам аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.