Фаттоҳзода: ташаббусҳои президентро метавон ба инқилоби фарҳангӣ қиёс кард

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Саидмурод Фаттоҳзода мутмаин аст, ки пешниҳодҳои Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» аз ҷониби доираи васеи аҳолӣ дастгирӣ ёфта, сокинони кишвар онро чун инқилоби маънавӣ ва иҷтимоӣ қабул карданд.

«Бахусус қайд карданиам, ки ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахшҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии давлат сарнавиштсоз буда, онҳоро метавон ба инқилоби фарҳангӣ қиёс кард», – иброз дошт Фаттоҳзода дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс».

Ба гуфтаи ӯ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11 июл зимни сханронӣ дар маҷлис ба муносибати 10-умин солгарди қабули қонуни мазкур аз иҷрои талабот ва меъёрҳои он қаноатмандӣ изҳор намуда, таъкид дошт, ки ин қонун ба ҳимоя аз расму оин ва анъанаҳои миллӣ ва пешгирии роҳ ёфтани арзишҳои барои фарҳанги тоҷикон бегона кумак кард.

«Ба ҳеҷ касе пӯшида нест, ки қонуни соли 2007 қабулшуда «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» ба вазъи иҷтимоии шаҳрвандони кишвар беҳбудӣ бахшида, онҳоро ба худдорӣ аз хароҷоти барзиёд ва баъзан ҳатто хеле вазнин, исрофкорӣ дар маросими тӯйи азодорӣ, ки ба як маъракаи «худнамоишдиҳӣ» табдил ёфта буд, водор намуд», – гуфт сиёсатмадор.

Фаттоҳзода таъкид дошт, ки тибқи маълумоти расмии оморӣ, бо қабули қонуни мазкур сокинони кишвар ҳудуди 18 млрд. сомонӣ маблағро сарфа кардаанд.

«Пешвои миллат бо назардошти ақидаҳои аксарияти зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ба такмили талабот ва меъёрҳои қонуни зикршуда дастур дод, ки онҳо пеш аз ҳама, ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таъмини ҳаёту таҳсили шоистаи кӯдакон, аз байн бурдани ҳамаи хароҷоти беҳудаву нозарур нигаронида шудааст», – таъкид дошт номбурда.

Сиёсатмадор мутмаин аст, ки риоояи дақиқи меъёрҳои қонун ба аҳолӣ ҷиҳати сарфаи садҳо ҳазор сомонӣ маблағ имкон фароҳам месозад, ки ин маблағҳоро метавон ба таълиму тарбия ва таҳсили кӯдакон ва таъмини ояндаи шоистаи онҳо равона кард.

«Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ чанде қабл дар ҷаласаи худ бо назардошти изҳороти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи ташкилотҳои маҳаллии худ дар вилоят ва шаҳру навоҳӣ дастур дод, ки миёни аҳолӣ оид ба шарҳу тавзеҳи меъёрҳои қонун корҳои густардаи таблиғотӣ роҳандозӣ намоянд», – афзуд муовини аввали раиси ҳизби ҳоким.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 480 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...