Ҳудуди 1,5 млн. $-и JICA баҳри такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Тоҷикистон

Дар Душанбе рӯзи 11 август байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ (JICA) ба маблағи 161 млн. иенаи ҷопонӣ (тақрибан 1,5 млн. доллари ИМА) дар доираи «Лоиҳаи рушди захираҳои инсонӣ» (лоиҳаи JDS) созишномаи грантӣ ба имзо расид. Созишномаи мазкур аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷониби вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён […]

Иттилоияи расмӣ

Дар Душанбе рӯзи 11 август байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ (JICA) ба маблағи 161 млн. иенаи ҷопонӣ (тақрибан 1,5 млн. доллари ИМА) дар доираи «Лоиҳаи рушди захираҳои инсонӣ» (лоиҳаи JDS) созишномаи грантӣ ба имзо расид.

Созишномаи мазкур аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷониби вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ва роҳбари JICA дар Тоҷикистон Хидеки Танабе имзо гардид.

Ҳадафи лоиҳаи мазкур ҳалли масъалаҳои рушд дар Тоҷикистон тавассути дастгирӣ намудани хизматчиёни ҷавони давлатӣ ва дигар раҳбарони нерўи Тоҷикистон барои дарёфт намудани дараҷаи академии магистрӣ ва докторантура (PhD) дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар Ҷопон ва ба ин васила мусоидат ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба мебошад.

Лоиҳаи JDS аз тарафи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо дафтари Маркази ҳамкориҳои байналмиллалӣ Ҷопон (JICE) амалӣ хоҳад шуд.

Дар чаҳорчӯби лоиҳаи мазкур имконияти таҳсил барои ҳафт нафар хизматчиёни ҷавони давлатӣ дар курсҳои магистрӣ ва 1 нафар хизматчии ҷавони давлатӣ дар докторантура, ки аз моҳи сентябри соли 2018 оғоз меёбанд, фароҳам оварда мешавад. Барномаи рушди захираҳои инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 инҷониб амалӣ мешавад.

Тибқи гузориш, то кунун 33 нафар стипендиягирандагони ин барнома курсҳои магистриро дар Ҷопон бомуваффақ хатм намуда, алъон барои рушди Тоҷикистон фаъолона кору фаъолият пеш бурда истодаанд.

JICA тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ ба рушди захираҳои инсонии мақомотҳои давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос кӯмак расонад.

JICA ҳамкориҳои техникии худро бо Тоҷикистон аз соли 1993 бо даъват намудани хизматчиёни давлати бо максади донишомӯзӣ дар Ҷопон ва аз худ намудани таҷрибаи Ҷопон оид ба рушди идоракунии давлат ва рушди соҳаи макроиқтисодӣ оғоз намуд. Ба охири моҳи марти соли 2016 шумораи умумии иштирокчиёни Барномаи курсҳои омӯзишӣ, ки расман ҳамчун курсҳои омӯзиши JICA эътироф гардидааст, зиёда аз 2000 нафарро ташкил дод.

Дафтари Намояндагии Ҷопон дар Точикистон соли 2006 ба фаъолияти худ шурӯъ карда, инҷониб лоиҳаҳои гуногуни бебозгашт ва техникӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳаёти мардуми Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таъмини оби нӯшокии бехатар, ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ тавассути рушди хоҷагии қишлоқ, беҳтар намудани инфрасохтори роҳ, авиатсия ва энергетика, барнома оид ба идоракунии сарҳад ва барнома оид ба рушди иқтидор амалӣ гаштаанд.

JICA дар маҷмӯъ 32 лоиҳаҳоро амалӣ намуд (баъзе дар ҳолати амалишавӣ қарор доранд), ки аз он 88,02 млн. доллари ИМА кумаки техникӣ буда 256,55 млн. доллари ИМА кумаки бебозгашт мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.