Скинхедҳои Маскав қирғизу арманро куштанд

Дар хиёбони Рязански шаҳри Маскав аз зарби корди як тоссари рус як арманиву як қирғиз ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти Knews.Kg бо истинод ба «Московский комсомолетс», соати 5-и субҳ се нафар ҷавонони маст аз машрубот бо аломатҳои зоҳирии тоссарон ё худ скинхедҳо (миллатгарои рус) бо баҳонаи ночизе ба зодаи 69-солаи Арманистон, фурӯшандаи дӯкони оби […]

Asia-Plus

Дар хиёбони Рязански шаҳри Маскав аз зарби корди як тоссари рус як арманиву як қирғиз ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти Knews.Kg бо истинод ба «Московский комсомолетс», соати 5-и субҳ се нафар ҷавонони маст аз машрубот бо аломатҳои зоҳирии тоссарон ё худ скинхедҳо (миллатгарои рус) бо баҳонаи ночизе ба зодаи 69-солаи Арманистон, фурӯшандаи дӯкони оби ҷав (пиво) Лев Камалян ба муноқиша пардохта, бо корд ба қафаси синаи ӯ зарба мезананад, ки дар натиҷа ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, онҳо ҳамчунин ба миҷози ин дӯкон, зодаи 36-солаи Қирғизистон Нурик Мундузов низ дарафтода, ӯ низ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст. Мотосиклрон Александр низ барои халос кардани онҳо кӯшида, аз китфаш ҷароҳат бардоштааст.

Баъдтар Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки ҳамла ба се нафар мардон аз ҷониби 1 нафар сурат гирифта, гумонбаршуда ба куштор Иван Скоркин боздошт ва ӯ пештар барои ғоратгарӣ ду бор муҷозот шудааст.

Тибқи фарзияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, гумонбаршуда Иван Скоркин дар ҳолати мастии сахт дар заминаи муносибатҳои бадбинона ба ду мард бо корд ҳамла карда, яке аз мардон дар ҷойи ҳодиса ва дигарӣ дар автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ ҳалок шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.