Ташрифи генерали воломақоми артиши ИМА ба Душанбе

Фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Фармондеҳии марказии ИМА генерал-лейтенант Майкл Гарретт рӯзи 16 август бо сафари якрӯза ба Душанбе ташриф меорад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз соъхторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ин нахустин сафари фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди артиши ИМА ба Тоҷикистон буда, дар Душанбе генерали амрикоӣ бо намояндагони Вазорати мудофиа ва Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Фармондеҳии марказии ИМА генерал-лейтенант Майкл Гарретт рӯзи 16 август бо сафари якрӯза ба Душанбе ташриф меорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз соъхторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ин нахустин сафари фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди артиши ИМА ба Тоҷикистон буда, дар Душанбе генерали амрикоӣ бо намояндагони Вазорати мудофиа ва Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикиситон дидору гуфтушунид мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар дидору гуфтушунидҳо намояндагони ИМА ва Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши таъмини амният, таҳкими посбонии марзи Тоҷикистону Афғонистон ва мусоидат ба таъмини сулҳу субот дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки охири соли гузашта Майкл Гарретт бори нахуст аз Қазоқистону Ӯзбекистон боздид намуда, сафар ба Тошканд дар чаҳорчӯби ҳамкории сатҳи баланд бо ҳукумат ва Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон дар соҳаи амният сурат гирифта буд.

Дар Қазоқистон, тибқи маълумоти Tengrinews , сари ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла ҷараёни таҳияи нақшаи панҷсола (солҳои 2018-2022)-и ҳамкорӣ дар самтҳои тибби саҳроии ҳарбӣ, тайёр кардани ҳайати шахсии воҳидҳои минатозакун ва муҳандисӣ, таҳкими имконоти сулҳофаринии нерӯҳои низомии Қазоқистон ва масъалаҳои умумии амнияти минтақавӣ сухан рафта буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.