Барканории масъули ҳукумат барои хатои «Очаҷонҳо» дар расми истиқболи президент

Як иштибоҳи доиранавозони гурӯҳи “Очаҷонҳо” ҳангоми истиқболи президент дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сабаби барканории раиси идораи кор бо занони ин ноҳия шуд. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ин даста дар варзишгоҳи Хуросон ба истиқболи президент бояд оҳанги зарбиро иҷро мекард. Зоҳиран баъзе навозандаҳо зери бори эҳсосот натавонистанд мусиқиро якмаром ва аз рӯи қоида иҷро […]

Радиои Озодӣ

Як иштибоҳи доиранавозони гурӯҳи “Очаҷонҳо” ҳангоми истиқболи президент дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сабаби барканории раиси идораи кор бо занони ин ноҳия шуд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ин даста дар варзишгоҳи Хуросон ба истиқболи президент бояд оҳанги зарбиро иҷро мекард. Зоҳиран баъзе навозандаҳо зери бори эҳсосот натавонистанд мусиқиро якмаром ва аз рӯи қоида иҷро кунанд. Дар натиҷа, иштибоҳ дар иҷрои мусиқии зарбӣ ба ҳозирин аён шуд ва боис ба интиқоди масъули барнома гардид.

Зиёда Саломова, мудири идораи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Хуросон он рӯз масъули таҳияи барномаи ҳунарии дастаи “Очаҷонҳо” буд. Мақомот гуфтаанд, ки Зиёда Саломова бо хоҳиши худ ба истеъфо рафт. Вале худи ӯ ва огоҳони вазъ мегӯянд, истеъфои Саломова баъд аз як иштибоҳ дар тақдими оҳанги дастаи ҳунарӣ сурат гирифтааст.

Худи Зиёда Саломова дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ пайванди барканории ӯ бо иштибоҳи занони доиранавозро тасдиқ карда, иброз доштааст, ки аз чунин ранг гирифтани кор зиёд нороҳат ва аз касе ҳам домангир нест, ҳарчанд, ба гуфтаи вай, дар ин кор бояд раҳбари дастаи занони доиранавозон ҷавобгӯ мебуд, на ӯ.

Гуфта мешавад, дар ноҳияи Хуросон ҳудуди 55 ҳазор зан зиндагӣ мекунад. Дар рӯзи сафари президент ба ин ноҳия беш аз 1000 зану духтар дар барномаҳои мухталифи фарҳангиву ҳунарӣ ва истиқболи президент ҷалб шуданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.