Ташрифи тоҷирони музофоти Хайнани Чин ба Душанбе

Asia-Plus

Дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе рӯзи 21 августи соли равон Ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистону музофоти Хайнани Чин баргузор мегардад.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, ҷиҳати иштирок дар ҳамоиш роҳбарону намояндагони 25 ширкати бонуфузи музофоти Хайнан, ки  дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, туризм фаъолият доранд, ба Тоҷикистон меоянд.

«Таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои тавлидотии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ ва шарикони ҳамкор, инчунин тақвияти ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорию тиҷоратии ҳар ду кишвар аз ҳадафҳои асосии баргузории ҳамоиш маҳсуб мешавад», – иттилоъ доданд дар Палата.

Қобили зикр аст, ки аз лиҳози ҳаҷми сармоягузории мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон аз дигар кишварҳо Чин пешсаф буда, соли гузашта ҳаҷми чунин сармоягузорӣ беш аз 1 млрд. долларро ташкил дод.

Ҳамчунин Чин қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон буда, ҳаҷми он ба зиёда аз 1,2 млрд. доллар расидааст. Ғайр аз ин, Чин ба Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти гуногун кумакҳои бебозгашт низ ҷудо мекунад.

Аз лиҳози ҳаҷми муомилоти мол бо Тоҷикистон танҳо Русия аз Чин болотар меистад. Соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Чин ҳудуди 900 млн. долларро ташкил дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...