Ташрифи тоҷирони музофоти Хайнани Чин ба Душанбе

Дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе рӯзи 21 августи соли равон Ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистону музофоти Хайнани Чин баргузор мегардад. Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, ҷиҳати иштирок дар ҳамоиш роҳбарону намояндагони 25 ширкати бонуфузи музофоти Хайнан, ки  дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, туризм фаъолият доранд, ба Тоҷикистон меоянд. «Таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби […]

Asia-Plus

Дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе рӯзи 21 августи соли равон Ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистону музофоти Хайнани Чин баргузор мегардад.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, ҷиҳати иштирок дар ҳамоиш роҳбарону намояндагони 25 ширкати бонуфузи музофоти Хайнан, ки  дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, туризм фаъолият доранд, ба Тоҷикистон меоянд.

«Таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои тавлидотии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ ва шарикони ҳамкор, инчунин тақвияти ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорию тиҷоратии ҳар ду кишвар аз ҳадафҳои асосии баргузории ҳамоиш маҳсуб мешавад», – иттилоъ доданд дар Палата.

Қобили зикр аст, ки аз лиҳози ҳаҷми сармоягузории мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон аз дигар кишварҳо Чин пешсаф буда, соли гузашта ҳаҷми чунин сармоягузорӣ беш аз 1 млрд. долларро ташкил дод.

Ҳамчунин Чин қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон буда, ҳаҷми он ба зиёда аз 1,2 млрд. доллар расидааст. Ғайр аз ин, Чин ба Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти гуногун кумакҳои бебозгашт низ ҷудо мекунад.

Аз лиҳози ҳаҷми муомилоти мол бо Тоҷикистон танҳо Русия аз Чин болотар меистад. Соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Чин ҳудуди 900 млн. долларро ташкил дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.