АНОНС
– Дар тамринҳои омодагӣ дар Туркия бозии сеюми санҷишии мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо тими маҳаллии «Манавгатспор» доир мегардад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.7914 сомонӣ;
1 евро – 10.2807 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1452 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Рӯзи кормандони Хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Рӯзи кормандони роҳи оҳан.
1948 — Таъсиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон.
2002 – 123 нафар гурезагоне, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ маҷбурӣ ватанро тарк карда буданд, аз Қарочӣ ба Душанбе баргаштанд.
2011 — Президенти Тоҷикистонро ба яке аз унвонҳои олии ҷомеаи аврупоӣ дар соҳаи фарҳанг ва сиёсат – «Пешвои асри XXI» сазовор донистанд.
1924 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ашӯра Носирова.
1930 – Мавлуди нависандаи русзабони Тоҷикистон Михаил Табачников.
1936 – Зодрӯзи нависандаи русзабони Тоҷикистон Темур Зулфиқоров.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +28+33; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +21+26.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +32+37; дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +27+32.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +8+13, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона -1+4, рӯзона +15+20.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +30+35; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +25+30.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +31+33.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +29+31.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +33+35.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +27+29.


