Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар тамринҳои омодагӣ дар Туркия бозии сеюми санҷишии мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо тими маҳаллии «Манавгатспор» доир мегардад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  8.7914 сомонӣ; 1 евро – 10.2807 сомонӣ; 1 рубли русӣ – […]

АНОНС

– Дар тамринҳои омодагӣ дар Туркия бозии сеюми санҷишии мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо тими маҳаллии «Манавгатспор» доир мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.7914 сомонӣ;

1 евро – 10.2807 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1452 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи кормандони Хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

Рӯзи кормандони роҳи оҳан.

1948 — Таъсиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон.

2002 – 123 нафар гурезагоне, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ маҷбурӣ ватанро тарк карда буданд, аз Қарочӣ ба Душанбе баргаштанд.

2011 — Президенти Тоҷикистонро ба яке аз унвонҳои олии ҷомеаи аврупоӣ дар соҳаи фарҳанг ва сиёсат – «Пешвои асри XXI» сазовор донистанд.

1924 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ашӯра Носирова.

1930 – Мавлуди нависандаи русзабони Тоҷикистон Михаил Табачников.

1936 – Зодрӯзи нависандаи русзабони Тоҷикистон Темур Зулфиқоров.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +28+33; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +21+26.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +32+37; дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +27+32.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +8+13, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона -1+4, рӯзона +15+20.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +30+35; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +25+30. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +29+31.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +33+35.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +27+29.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.