Тамдиди ҳукми зиндони яке аз муассисони Фронти халқии Тоҷикистон дар Русия

Akhbor.com

Додгоҳи низомии ҳавзаи Приволжскийи Русия Владимир Квачков, полковники собиқи ГРУ – идораи ҷосусии артиши Русияро бо ҷурми барангехтани низоъ ва адоват ба якуним соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, Квачков, ки мебоист озод шавад, акнун ду соли дигар – ним соли боқимонда аз ҳукми қаблиаш ва якуним соли ҳукми наваш – дар зиндон хоҳад монд.

Гуфта мешавад, ҳукми нави Квачков барои видеоест, ки ӯ дар соли 2015 аз зиндон фиристода буд. Дар он видео мардум ба муқовимат бо ҳукумати кунунии Русия даъват мешуд. Ин видео аз ҷониби мақомоти Русия ифротӣ шинохта шуд ва ба зидди полковники балвогар парвандаи нав кушоданд.

Квачков дар соли 2005 барои сӯиқасд ба ҷони Анатолий Чубайс ва дар соли 2013 бо ҷурми омодагӣ ба табаддулоти низомӣ дар Русия маҳкум ба зиндон шудааст.

Владимир Квачков дар соли 1992 фармондеҳии бригадаи 15-уми нирӯҳои вижа (спецназ)-и ГРУ-ро бар дӯш дошт. Квачков дар як мусоҳиба қабл аз маҳкум ба зиндон шуданаш гуфта буд, ки дар ҳодисаҳои соли1992-юми Тоҷикистон нақши асосӣ дошт ва аз ҷумла Фронти халқӣ – яке аз тарафҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро ӯ сохта ва ӯ Сангак Сафаровро аз байни чанд номзад ҳамчун раҳбари ин Фронт интихоб кардааст. Квачков дар он мусоҳиба гуфт, азбаски Сангак Сафаров зоҳиран ба адиби амрикоӣ Эрнест Ҳемингуэй монанд буд, ба вай лақаби "Хеми” доданд.

Квачков ҳамчунин дар он мусоҳиба эътироф мекунад, ки дар назди ӯ моҳи августи соли 1992 вазифа гузошта буданд, ки ҳукумати муросои миллиро дар Тоҷикистон сарнагун карда ва ба ҷои он як ҳукумати рӯ ба Маскавро ба қудрат биорад. Квачков гуфт, ки вай тавонист ин вазифаро дар зарфи ҳамагӣ се моҳ – то моҳи ноябри соли 1992 анҷом диҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...