Рустами Эмомалӣ – роҳбари Шӯрои рушд ва татбиқи технологияҳои навин

Дар назди раиси шаҳри Душанбе Шӯрои машваратӣ оид ба такмил ва татбиқи технологияҳои навин таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба дӯш гирифт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Шӯрои мазкур бо мақсади роҳандозӣ ва истифодаи оқилонаю самараноки технологияҳои муосир, фароҳам овардани шароити мусоиди техникию технологӣ, баланд бардоштани самаранокии […]

Дар назди раиси шаҳри Душанбе Шӯрои машваратӣ оид ба такмил ва татбиқи технологияҳои навин таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба дӯш гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Шӯрои мазкур бо мақсади роҳандозӣ ва истифодаи оқилонаю самараноки технологияҳои муосир, фароҳам овардани шароити мусоиди техникию технологӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти шаҳрдорӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, кӯмак намудан ба муассиса ва корхонаю ташкилотҳои зерсохтори мақомот таъсис дода шудааст.

Ба ҳайати Шӯро ба ҷуз раиси пойтахт, ҳамчунин ҳамаи муовинони ӯ, коршиносону олимон ва вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон шомил гардидаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.