Пайгирии ВКХ Русия аз қазияи зани русиягии дар Тоҷикистон боздоштшуда

Дар суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе имрӯз оид ба парвандаи шаҳрванди Русия Татяна Хужина, ки ба қочоқи тангаи замони Русияи подшоҳӣ гумонбар дониста мешавад, ҳукм содир мегардад. Дар Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор доштаанд, ки намояндагони вазорат ин қазияро бодиққат пайгирӣ дошта, ба ӯ кумаки зарурӣ мерасонанд. «Умедворем, ки зимни содир кардани ҳалнома суд ба […]

Дар суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе имрӯз оид ба парвандаи шаҳрванди Русия Татяна Хужина, ки ба қочоқи тангаи замони Русияи подшоҳӣ гумонбар дониста мешавад, ҳукм содир мегардад.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор доштаанд, ки намояндагони вазорат ин қазияро бодиққат пайгирӣ дошта, ба ӯ кумаки зарурӣ мерасонанд.

«Умедворем, ки зимни содир кардани ҳалнома суд ба ҳадди ниҳоӣ аз раҳму шафқат кор гирифта, ҳолатҳои сабуккунанда, маҳз ҷой надоштани нияти бад ва тамаъҷӯиро ба инобат мегирад», – қайд мешавад дар хабари ВКХ Русия.

Қобили зикр аст, ки охири ҳафтаи гузашта намояндаи прокуратура аз суд барои Татяна Хужина ҷазои 6 соли зиндонро дархост намуда, ин талаби худро бо он асоснок кард, ки ин гуна ҷазоро ӯ бо назардошти духтарчаи хурдсол доштани гумонбаршуда дархост кардааст.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июн Хадамоти гуруки Тоҷикистон хабар дод, ки шаҳрванди Русия Татяна Хужинаи 41-сола барои кӯшиши аз қаламрави Тоҷикистон баровардани тангаи дутинаи мисини истеҳсоли соли 1823 боздошт шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.