Тамдиди ҳукми зиндони яке аз муассисони Фронти халқии Тоҷикистон дар Русия

Додгоҳи низомии ҳавзаи Приволжскийи Русия Владимир Квачков, полковники собиқи ГРУ – идораи ҷосусии артиши Русияро бо ҷурми барангехтани низоъ ва адоват ба якуним соли зиндон маҳкум кард. Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, Квачков, ки мебоист озод шавад, акнун ду соли дигар – ним соли боқимонда аз ҳукми қаблиаш ва якуним соли ҳукми наваш […]

Akhbor.com

Додгоҳи низомии ҳавзаи Приволжскийи Русия Владимир Квачков, полковники собиқи ГРУ – идораи ҷосусии артиши Русияро бо ҷурми барангехтани низоъ ва адоват ба якуним соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, Квачков, ки мебоист озод шавад, акнун ду соли дигар – ним соли боқимонда аз ҳукми қаблиаш ва якуним соли ҳукми наваш – дар зиндон хоҳад монд.

Гуфта мешавад, ҳукми нави Квачков барои видеоест, ки ӯ дар соли 2015 аз зиндон фиристода буд. Дар он видео мардум ба муқовимат бо ҳукумати кунунии Русия даъват мешуд. Ин видео аз ҷониби мақомоти Русия ифротӣ шинохта шуд ва ба зидди полковники балвогар парвандаи нав кушоданд.

Квачков дар соли 2005 барои сӯиқасд ба ҷони Анатолий Чубайс ва дар соли 2013 бо ҷурми омодагӣ ба табаддулоти низомӣ дар Русия маҳкум ба зиндон шудааст.

Владимир Квачков дар соли 1992 фармондеҳии бригадаи 15-уми нирӯҳои вижа (спецназ)-и ГРУ-ро бар дӯш дошт. Квачков дар як мусоҳиба қабл аз маҳкум ба зиндон шуданаш гуфта буд, ки дар ҳодисаҳои соли1992-юми Тоҷикистон нақши асосӣ дошт ва аз ҷумла Фронти халқӣ – яке аз тарафҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро ӯ сохта ва ӯ Сангак Сафаровро аз байни чанд номзад ҳамчун раҳбари ин Фронт интихоб кардааст. Квачков дар он мусоҳиба гуфт, азбаски Сангак Сафаров зоҳиран ба адиби амрикоӣ Эрнест Ҳемингуэй монанд буд, ба вай лақаби "Хеми” доданд.

Квачков ҳамчунин дар он мусоҳиба эътироф мекунад, ки дар назди ӯ моҳи августи соли 1992 вазифа гузошта буданд, ки ҳукумати муросои миллиро дар Тоҷикистон сарнагун карда ва ба ҷои он як ҳукумати рӯ ба Маскавро ба қудрат биорад. Квачков гуфт, ки вай тавонист ин вазифаро дар зарфи ҳамагӣ се моҳ – то моҳи ноябри соли 1992 анҷом диҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.