Дар Тоҷикистон таварруми беш аз 10% пешгӯӣ мешавад

Давоми сол нарху тарифҳо дар Тоҷикистон 11,7 фоиз боло мераванд. Таҳлилгарони Бонки авруосиёгии рушд (БАОР) сабабҳои ин омилро «самараи кӯтоҳмуҳлати шароитҳои номусоиди обуҳаво ва афзоиши тағйирпазирии қурби табодули асъор» унвон мекунанд. «Хатарҳои пурзӯр шудани фишори таваррум боқӣ монда, ба эҳтимоли зиёд ба бештар эҳтиёткор шудани тарзи муносибати танзимгар нисбати коҳиши меъёрҳои калидӣ дар давоми боқимондаи […]

Давоми сол нарху тарифҳо дар Тоҷикистон 11,7 фоиз боло мераванд. Таҳлилгарони Бонки авруосиёгии рушд (БАОР) сабабҳои ин омилро «самараи кӯтоҳмуҳлати шароитҳои номусоиди обуҳаво ва афзоиши тағйирпазирии қурби табодули асъор» унвон мекунанд.

«Хатарҳои пурзӯр шудани фишори таваррум боқӣ монда, ба эҳтимоли зиёд ба бештар эҳтиёткор шудани тарзи муносибати танзимгар нисбати коҳиши меъёрҳои калидӣ дар давоми боқимондаи сол боис мегардад», – гуфта мешавад дар гузориши БАОР.

Муаллифони гузориш бар ин назаранд, ки таварруми босуръат ба беқурбшавии сомонӣ ва хеле кам шудани пешниҳод вобаста буда, агар аз рӯи натиҷаҳои моҳи июни соли 2017 дар ҳоли аз ҷониби Бонки миллӣ 7,0 фоиз пешбинӣ шудани мизони таварруми солона, ин нишондиҳанда 9 фоизро ташкил дод.

«Болоравии нархҳо дар бахши истеъмолӣ дар партави 31 фоиз афзоиши индекси нархҳои маҳсулоти кишоварзӣ босуръат зиёд мешавад ва давоми моҳҳои январ-июни соли 2017 пешниҳоди картошка, сабзӣ ва пиёз кам шуда, дар натиҷа нархҳои чакана беш аз ду баробар афзуданд ва сомонӣ ҳар моҳ нисбат ба моҳи гузашта тақрибан 2 фоиз беқурб мешавад, – қайд мешавад дар гузориш.

Мувофиқи пешгӯиҳои таҳлилгарони БАОР, қурби мубодилаи пули миллии Тоҷикистон нисбати доллар то охири сол ба 8,5 сомонӣ (барои 1 доллар) мерасад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.