Содироти қариб 14%-и нерӯи барқи Тоҷикистон дар моҳи июл

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳудуди 14%-и нерӯи барқи моҳи июл дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба кишварҳои ҳамсоя интиқол дода шуд. Дар ин бора дар гузориши моҳи августи «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» маълумот дода мешавад.

«Моҳи июли соли 2017 аз нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» тариқи шабакаҳои 220 кВ ва 110 кВ ба Афғонистон – 205,2 млн. кВт/соат (23,6 млн. кВт/соат камтар нисбат ба моҳи июли соли 2016) ва ба Қирғизистон – 13,6 млн. кВт/соат(1,3 млн. кВт/соат бештар нисбат ба ҳамин давраи пешин) нерӯи барқ интиқол дода шуд», – қайд мешавад дар гузориш.

Зикр мегардад, ки ҳаҷми нерӯи барқи содиротшуда 13,5% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшударо ташкил медиҳад.

Дар гузориш бо истинод ба ширкати «Барқи тоҷик» зикр мегардад, ки моҳи июли соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон 1 млрд. 607 млн. кВт/соат ё худ 51,8 млн. кВт/соат дар як шабонарӯзро ташкил додааст.

«Дар муқоиса бо моҳи июн истеҳсоли барқ дар моҳи июли соли 2017 ба андозаи 1,8% афзудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли барқ дар моҳи июли соли ҷорӣ 33 млн. кВт/соат камтар шуда, вале нисбат ба солҳои пешин зиёдтар мебошад, ки ба мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифтани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ва агрегати дуюми нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» вобаста аст», – таъкид мешавад дар гузориш.

Дар ҳамин ҳол, истифодаи умумии нерӯи барқ дар моҳи июли соли равон 1 млрд. 403 млн. кВт/соатро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи июн 7,6% бештар аст. «Дар қиёс бо ҳамин давраи соли пешин моҳи июли соли 2017 истифодаи барқ 1,0 млн. кВт/соат зиёдтар мебошад», – зикр мегардад дар гузориш.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...