Суғд: ҳукми 5 соли зиндон барои узвият ба «Салафия»

Сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Убайдулло Шарипови 32-сола барои узвият ба равияи мазҳабии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Салафия» ва таблиғи ақидаҳои ин ҳаракат ба 5 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» раиси мурофиаи мазкур, судя Боирҷон Зоҳирзода хабар дод, Шарипов моҳи майи соли 2017 аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти […]

Сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Убайдулло Шарипови 32-сола барои узвият ба равияи мазҳабии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Салафия» ва таблиғи ақидаҳои ин ҳаракат ба 5 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» раиси мурофиаи мазкур, судя Боирҷон Зоҳирзода хабар дод, Шарипов моҳи майи соли 2017 аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар вилояти Суғд боздошт шудааст.

Ба гуфтаи судя, зимни мурофиа муайян карда шудааст, ки маҳкумшуда соли 2014 ихтиёрӣ ба сафҳои равияи мазҳабии «Салафия» шомил гардида, то замони боздошташ андешаву афкор ва ҳадафҳои ин ҳаракатро таблиғ мекардааст.

Ёдрас мекунем, ки ҷараёни мазҳабии «Салафия», ки фаъолияташро аввали соли 2009 Суди олии ҷумҳурӣ манъ карда буд,  гурӯҳи ифротгаро дар Тоҷикистон эътироф шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳукми нахуст нисбати тарафдорони ҷараёни «Салафия» дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2010 аз ҷониби суди ноҳияи Сино содир гардида буд. Бо ин ҳукм 7 нафар – Сироҷиддин Абдураҳмонов, яке аз ҷонибдорони маъруфи ин ҷараён, Киромиддин Абдураҳмонов, писари ӯ ва ҳамчунин Абдураҳмон Абдураҳимов, Муҳаммадраҷаб Наврӯзов, Шаҳобиддин Саидов, Музаффар Файзуллоев ва Икромиддин Юсуфов маҳкум шуда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.