Корманди милитсияи маст роҳгузарро пахш карда, рӯзи дигар аз кор озод шуд

Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ваколатдори калони оперативии шуъбаи таҳлилии банақшагирӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии РМЗҶМ ВКД Тоҷикистон капитани милитсия Парвиз Раҳимови 31-сола бо фармони вазири корҳои дохилии ҶТ аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, шаби 22-юми август капитани милитсия Парвиз Раҳимов ҳангоми […]

Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ваколатдори калони оперативии шуъбаи таҳлилии банақшагирӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии РМЗҶМ ВКД Тоҷикистон капитани милитсия Парвиз Раҳимови 31-сола бо фармони вазири корҳои дохилии ҶТ аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, шаби 22-юми август капитани милитсия Парвиз Раҳимов ҳангоми ҳангоми ҳаракат дар кӯчаҳои пойтахт бо автомашаинаи «Опел-Астра»-аш дар ҳолати мастӣ сокини ноҳияи Восеъ Хисрав Маҳмадови 33-соларо зада аз пой меафтонад.

Гуфта мешавад, дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ҳодисаи мазкур аз ҷониби шуъбаи тафтишотии РВКД дар шаҳри Душанбе маводҳо тартиб дода шуда, аз рӯи тобеъият барои чораандешӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳамагӣ як рӯз пеш палатаи поёнии парлумон тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуд, ки мувофиқи он масъулияти ронандагони воситаҳои нақлиёт ҳангоми идораи автомашина зиёд мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.