Унвони қаҳрамонии навбатии «Истиқлол» бебаҳс мешавад

Се бозии даври ҳаждаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ барузор шуда, як бозӣ бо пирӯзии мизбонон ва ду бозии дигар бо натоиҷи мусовӣ хотима ёфт. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ «Ҳосилот»-и Фархорро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Бозии дигар миёни дастаҳои “Барқчӣ”-и Ҳисор ва «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ […]

Радиои Озодӣ

Се бозии даври ҳаждаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ барузор шуда, як бозӣ бо пирӯзии мизбонон ва ду бозии дигар бо натоиҷи мусовӣ хотима ёфт.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ «Ҳосилот»-и Фархорро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Бозии дигар миёни дастаҳои “Барқчӣ”-и Ҳисор ва «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби мусовии 3:3 ба поён расид. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бозиро бо дастаи меҳмон – ССКА «Помир»-и Душанбе – бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол”-и Душанбе бо 39 имтиёз садрнишин аст. Ба “Истиқлол”, ки се бозӣ камтар анҷом додааст, барои бори шашум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтан, дар шаш бозии боқимондаи мусобиқа се – чор имтиёз гирифтан кофист. ССКА «Помир» бо 30 имтиёз мақоми дувум ва “Хуҷанд” бо 27 имтиёз мақоми севумро касб кардаанд. Ҳарду даста барои медалҳои нуқраву биринҷӣ талош доранд.

Зинаҳои минбаъдаро дастаҳои зерин ишғол кардаанд: 4.“Регар-ТадАЗ” – 20 имтиёз. 5.”Вахш” – 18 имтиёз. 6.”Барқчӣ” – 17 имтиёз. 7.”Панҷшер” – 16 имтиёз. 8.”Ҳосилот” – 15 имтиёз.

Дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқа Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), ки ҳамагӣ 14 тӯб задааст, дар мақоми аввал аст. Дилшод Бозоров («Хуҷанд») бо 8 тӯб дар мақоми дувум, Фарҳод Тоҳиров ва Давронҷон Тухтасунов (ҳарду – «Хуҷанд») бо 7-тӯбӣ дар мақоми севум қарор доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.