Дарёфти ҷасади сафири Русия дар Судон аз қароргоҳ

Ҷасади сафири Русияро дар Судон аз қароргоҳаш пайдо шудааст. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ,  манбаи телевизиони ал-Арабия гуфтааст, ҷасади сафири Русия дар Судон Мирғиёс Ширинскийро дар қароргоҳаш аз дохили ҳавзи шиноварӣ пайдо кардаанд. Гуфта мешавад, хабари пайдо шудани ҷасади Ширинскийро дар Вазорати умури хориҷии Русия низ тасдиқ карданд, вале сабабҳои марги ӯро […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ҷасади сафири Русияро дар Судон аз қароргоҳаш пайдо шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ,  манбаи телевизиони ал-Арабия гуфтааст, ҷасади сафири Русия дар Судон Мирғиёс Ширинскийро дар қароргоҳаш аз дохили ҳавзи шиноварӣ пайдо кардаанд.

Гуфта мешавад, хабари пайдо шудани ҷасади Ширинскийро дар Вазорати умури хориҷии Русия низ тасдиқ карданд, вале сабабҳои марги ӯро шарҳ надоданд.

Манбаи хабаргузории Reuters дар пулиси Судон хабар додааст, ки вақтҳои охир саломатии Ширинский хуб набуд ва ӯ аз дарди қалб ранҷ мебурдааст.

Мирғиёс Ширинский давоми солҳои 1991-1993 – ба ҳайси мушовир-фиристодаи сафорати Русия дар Яман; солҳои 1993-1996 – консули генералии Русия дар Ҷидда ва солҳои 2006-2013 – сафири Русия дар Руанда кор кардааст. Моҳи декабри соли 2013 сафири Русия дар Судон таъин шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.