Ташрифи низомиёни воломақоми Покистону Чин ба Душанбе

Ҳайатҳои низомии Покистону Чин рӯзҳои наздик бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф меоранд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, рӯзи 26 август ташрифи ҳайати низомии Покистон ба Душанбе таҳти сарварии сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусалалхи ин кишвар генерал Роҳил Шариф дар назар аст. Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқоти ҳайатҳои […]

Ҳайатҳои низомии Покистону Чин рӯзҳои наздик бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф меоранд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, рӯзи 26 август ташрифи ҳайати низомии Покистон ба Душанбе таҳти сарварии сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусалалхи ин кишвар генерал Роҳил Шариф дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқоти ҳайатҳои низомии Покистон бо мақомоти раҳбарии Тоҷикистон ба масъалаи таъмини амният дар минтақа, вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва ҳамкории ҷонибҳо дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Санаи 27 август сафари ҳайати Артиши мардумии озодихоҳи Чин ба Душанбе бо роҳбарии Фан Фэнхуй, сардори Ситоди кулли ин артиш пешбинӣ шуда, зимни гуфтушунидҳо баррасии масоили марбут ба рушди ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ миёни кишварҳо ва омодасозии афсарон барои артиши Тоҷикистон дар мактабҳои олии низомии Чин ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар назар аст, ки ҳайатҳои низомии Покистону Чинро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.