Даъвои Сайфиддин Назарзода нисбати шабакаи телевизиони «Тоҷикистон»

Директори аз мансаб барканоршудаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода аз болои шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» ба суд шикоят бурд. Дар бораи мавҷуд будани даъво ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар дод. Худи Сайфиддин Назарзода аз шарҳи масъалаи мазкур худдорӣ варзид. Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ғайрат Сангинзода низ изҳор дошт, ки […]

Директори аз мансаб барканоршудаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода аз болои шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» ба суд шикоят бурд.

Дар бораи мавҷуд будани даъво ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар дод. Худи Сайфиддин Назарзода аз шарҳи масъалаи мазкур худдорӣ варзид.

Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ғайрат Сангинзода низ изҳор дошт, ки дар мавриди ин масъала чизе гуфта наметавонад.

«Агар ман ҳозир чизеро дар ин робита шарҳ бидиҳам, баъд ӯ фикр мекунад, ки ман ба ӯ хусумате дошта бошам», – хабар дод ӯ ба «Азия-Плюс» тариқи телефон, вале дар ҳамин ҳол, далели мавҷуд будани даъворо на тасдиқ карду на инкор.

Ёдрас мекунем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанде қабл директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) Сайфиддин Назарзодаро барои пуршукӯҳу ҳангомадор баргузор кардани тӯйи писараш аз мансаб сабукдӯш кард.

Дар бораи ба қонуншиканӣ роҳ додан дар тӯйи писари Назарзода дар барномаи «Ахбор»-и шабаки телевизиони «Тоҷикистон» гузориш намоиш дода шуд.

Бино ба маълумоти шабакаи телевизион, тӯйи Фирдавс, писари Назарзода дар тарабхонаи «Шоира Люкс»-и пойтахт доир гардида, тибқи маълумоти журналистон, дар он беш аз 300 нафар ҳузур доштаанд, ҳарчанд қонун ба 150 нафар иҷоза медиҳад.

Баъди намоиши гузориш Сайфиддин Назарзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва як қатор ВАО изҳор кард, ки ба қонуншиканӣ даст назадааст ва иттиҳомот нисбати ӯ кори дасти душманонаш мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...