Ифтитоҳи нахустин истгоҳи намунавӣ барои нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе

Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе

Бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт руйнамойи нахустини истгоҳи намунавӣ барои нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, истгоҳи намунавӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ободонӣ"-и шаҳри Душанбе дар асоси лоиҳаи Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷорияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сохта шудааст.

Намунаи аввали истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ дар мутобиқат ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, тибқи лоиҳа он аз ҷойи нишаст, нуқтаи фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва кортҳои электронии пардохти роҳкиро, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумот ба сокинону меҳмонони пойтахт доир ба замон ва шумораи хатсайрҳо ва таблоҳои таблиғотӣ иборат мебошад.

Ҳамчунин тибқи лоиҳа дар истгоҳ нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ насб гардидааст.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки барои нахустин бор дар бунёди истгоҳ хизматрасониҳои муосир бо истифода аз технологияи пешрафтаи иттилоотӣ истифода гардида, истгоҳ ва иншооти хизматрасонии он аз масолеҳи тобовар ба ҳолатҳои гуногуни табиӣ бунёд гардидааст. Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳудуди истгоҳ тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад, ки ин барои пешниҳод кардани хизматрасонии босифат мусоид хоҳад кард.

 Бо таваҷҷуҳ бо тарҳу намуд ва ҷойгиршавии таблоҳои иттилоотӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулин дастур доданд, ки дар вақти бунёди чунин иншоот ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва истифода намудани масолеҳи хушсифати истеҳсоли ватанӣ диққати махсус дода шавад, то ки иншооти мазкур солҳои зиёд ба мардум хизмат расонад.

Мувофиқи маълумоти Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди хатсайри фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе – корхонаи "Сементбарорӣ"  36 адад истгоҳҳои намунавии нав бунёд  мешаванд, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.