Даъвати дар Иди Қурбон ба мактаб фиристодани кӯдакон дар масҷидҳо

Дар намози ҷумъа дар масҷидҳои Душанбе имомхатибон аз ибодаткунандагон даъват кардаанд, ки дар рӯзи Иди Қурбон, ки 1 сентябр ҷашн гирифта мешавад, кӯдаконашонро ба мактаб фиристанд. «Идро касе бекор накардааст, вале чун Иди Қурбон се рӯз ҷашн гирифта мешавад, фарзандони Шумо – хонандагони мактабҳои миёнаву олӣ санаи 1 сентябр, рӯи аввали ид бояд ба таҳсил […]

Дар намози ҷумъа дар масҷидҳои Душанбе имомхатибон аз ибодаткунандагон даъват кардаанд, ки дар рӯзи Иди Қурбон, ки 1 сентябр ҷашн гирифта мешавад, кӯдаконашонро ба мактаб фиристанд.

«Идро касе бекор накардааст, вале чун Иди Қурбон се рӯз ҷашн гирифта мешавад, фарзандони Шумо – хонандагони мактабҳои миёнаву олӣ санаи 1 сентябр, рӯи аввали ид бояд ба таҳсил раванд», – гуфтаанд имомхатибон дар намози ҷумъаи имрӯз дар масҷидҳо.

Ба гуфтаи онҳо, кӯдакон Иди Қурбонро ду рӯзи минбаъда – шанбе ва якшанбе ҷашн гирифта метавонанд.

Имомхатбион ҳамчунин ба маҳдуд кардани идагардаки кӯдакон низ даъват намуда, қайд кардаанд, ки «касе ба идгардак рафтани онҳоро манъ намекунад, вале шумо бояд пайгирӣ кунед, ки аз назди ҳавлии хонаатон дур нараванд ва зери назорати шумо қарор дошта бошанд».

Дар чанде аз мактабҳои миёна ва олӣ ба «Азия-Плюс» рӯзи корӣ будани 1 сентябрро барои омӯзгорон тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки омӯзгоронро дар ин бора чанде пеш огоҳ кардаанд, ҳчрчанд дар Вазорати маориф мегӯянд, ин масъала алҳол мушаххас нест.

Дастрасии шарҳи масъала аз Вазорати маориф ғайриимкон аст. Котиби матбуотии Вазорат Эҳсон Хушвахтзода аз суҳбат бо журналистон худдорӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, дар Бошқирдистон ва Тотористони Русия ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози соли нави хониш ба рӯзи душанбеи ҳафтаи минбаъда гузаронида шудааст.

Қобили зикр аст, ки Иди Қурбонро имсол сокинони Тоҷикистон чун дар аксари кишварҳои мусулмонӣ санаи 1 сентябр ҷашн мегиранд. Мутобиқи Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», Иди Қурбон дар кишвар рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.