Фестивали «Оши палав». Кӣ қаҳрамони сари дег?

Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилояти Суғд рӯзи 24 август бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал – озмуни “Оши палав” баргузор гардид, ки дар он намояндагони 18 шаҳри навоҳии вилоят иштирок карданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин фестивал беш аз сад нафар ошпазони моҳир аз тамоми […]

Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилояти Суғд рӯзи 24 август бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал – озмуни “Оши палав” баргузор гардид, ки дар он намояндагони 18 шаҳри навоҳии вилоят иштирок карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин фестивал беш аз сад нафар ошпазони моҳир аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзида, дар сад дег навъҳои гуногуни палави тоҷикиро омода ва пешниҳод намуданд.

Дар доираи Фестивал – озмуни “Оши палав” инчунин озмунҳои анъанавии “Ошхури беҳтарин” ва “Дастони моҳир” гузаронида шуданд. Дар бахши “Ошхури беҳтарин” 20 нафар дӯстдорони оши палав иштирок намуданд.

Фурқат Буриев аз ноҳияи Ашт дар бахши “Ошхури беҳтарин” ва Ғуфрон Обидов аз ноҳияи Ҷаббор Расулов дар бахши “Дастони моҳир” ғолиб дониста шуда, ҳар кадоме бо диплом ва ду ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.