Омодагии як ширкати Миср ҷиҳати сармоягузорӣ ба индустрияи дорусозии Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид ва директори генералии ширкати «Делта Фарма Био»-и Миср Муборак Солеҳ зикр гардид, ки ин ширкат ҷиҳати сармоягузорӣ ба индустрияи дорусозии Тоҷикистон омода аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ПСС ҶТ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои самтҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои дорусозӣ ва тандурустӣ, роҳандозии низоми табодули таҷриба миёни мутахасисони ҳарду кишварро баррасӣ карданд.

Муборак Солеҳ гуфтааст, ширкати зери роҳбарии ӯ ба истеҳсоли доурворӣ ва дастгоҳҳои тиббӣ ва ҳамчунин дигар маснӯоти таъиноти тиббӣ машғул аст.

«Ширкат ҷиҳати сармоягузорӣ ба роҳандозии зинаи пурраи хатҳои истеҳсолӣ-технологӣ дар корхонаҳои дорусозии Тоҷикистон дар заминаи технологияҳои муосир ва таҷҳизот аз Миср мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ омода аст», – иброз доштааст ӯ.

Директори генералии ширкати «Делта Фарма Био» ҳамчунин ба интиқоли технологияҳои тиббии Миср ва доруворӣ, дастгоҳҳои гуногуни гурӯҳҳои терапевтӣ, аз ҷумла барои муолиҷаи гепатит ба бозори Тоҷикистон омодагӣ изҳор намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.