Низоми ҳамкории чорҷонибаи Тоҷикистону Чин ва Покистону Афғонистон

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сардорони Ситодҳои кулли Қувваҳоми Мусаллаҳи Покистону Чин ва Афғонистонро ба ҳузур пазируфта, масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ба эътидоловарии вазъияти низомиву сиёсии Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни вохӯрӣ бо сардори Ситоди артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон Қамар Ҷовид Баҷва таъкид гардид, ки яке аз самтҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла Покистони ба мо дӯст ин мусоидат ва иштироки фаъол дар таъмину таҳкими сулҳу суботи минтақавию байналмилалӣ мебошад.

Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки солҳои охир ҳамкориҳои артишҳои миллӣ, хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Покистон густариш ёфта, сатҳу сифати нав касб карда истодаанд. Ҳарду ҷониб изҳори омодагии хешро барои густариши минбаъдаи ин ҳамкориҳо, ки бар асоси эҳтироми манфиатҳои тарафайн ва ҳамдигарфаҳмӣ идома меёбанд, таъкид намуданд.

Дар мулоқот бо сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши озодибахши Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Зо Чен вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои амниятӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистон ва Чин, ки меҳвари муносибатҳои дуҷонибаро ташкил медиҳанд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳарду ҷониб барои тақвияти ҳамгироӣ ва мусоидати фаъол дар ҳалли қазияи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён дошта, омодагию ҳавасмандии худро барои таҳкимбахшии иқтидорҳои марзбонӣ дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон, ки аҳамияти рӯзмарра дорад, таъкид намуданд.

Дар ҷараёни дидору гуфтушунид бо сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Шариф Яфталӣ таъкид гардид, Тоҷикистон ҳамеша омодааст, ки ҳамкории дуҷонибаро бо Афғонистон тавсеаи бештар бахшида, ба ҳамкории минбаъда дар доираи механизмҳои бисёрҷониба аҳамияти зарурӣ зоҳир намояд.

Таъсис додани низоми ҳамкории чорҷонибаи Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Афғонистон аз тадбирҳои муҳим арзёбӣ гардид ва изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳарчи зудтар амалӣ шудани ин ташаббус омили муҳимми таҳкими раванди сулҳу субот дар Афғонистон мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...