Низоми ҳамкории чорҷонибаи Тоҷикистону Чин ва Покистону Афғонистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сардорони Ситодҳои кулли Қувваҳоми Мусаллаҳи Покистону Чин ва Афғонистонро ба ҳузур пазируфта, масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ба эътидоловарии вазъияти низомиву сиёсии Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сардорони Ситодҳои кулли Қувваҳоми Мусаллаҳи Покистону Чин ва Афғонистонро ба ҳузур пазируфта, масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ба эътидоловарии вазъияти низомиву сиёсии Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни вохӯрӣ бо сардори Ситоди артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон Қамар Ҷовид Баҷва таъкид гардид, ки яке аз самтҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла Покистони ба мо дӯст ин мусоидат ва иштироки фаъол дар таъмину таҳкими сулҳу суботи минтақавию байналмилалӣ мебошад.

Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки солҳои охир ҳамкориҳои артишҳои миллӣ, хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Покистон густариш ёфта, сатҳу сифати нав касб карда истодаанд. Ҳарду ҷониб изҳори омодагии хешро барои густариши минбаъдаи ин ҳамкориҳо, ки бар асоси эҳтироми манфиатҳои тарафайн ва ҳамдигарфаҳмӣ идома меёбанд, таъкид намуданд.

Дар мулоқот бо сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши озодибахши Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Зо Чен вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои амниятӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистон ва Чин, ки меҳвари муносибатҳои дуҷонибаро ташкил медиҳанд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳарду ҷониб барои тақвияти ҳамгироӣ ва мусоидати фаъол дар ҳалли қазияи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён дошта, омодагию ҳавасмандии худро барои таҳкимбахшии иқтидорҳои марзбонӣ дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон, ки аҳамияти рӯзмарра дорад, таъкид намуданд.

Дар ҷараёни дидору гуфтушунид бо сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Шариф Яфталӣ таъкид гардид, Тоҷикистон ҳамеша омодааст, ки ҳамкории дуҷонибаро бо Афғонистон тавсеаи бештар бахшида, ба ҳамкории минбаъда дар доираи механизмҳои бисёрҷониба аҳамияти зарурӣ зоҳир намояд.

Таъсис додани низоми ҳамкории чорҷонибаи Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Афғонистон аз тадбирҳои муҳим арзёбӣ гардид ва изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳарчи зудтар амалӣ шудани ин ташаббус омили муҳимми таҳкими раванди сулҳу субот дар Афғонистон мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.