Раиси ҲСДТ вазири маорифро ба бекор кардани қарори ғайриқонуниаш даъват кард

Asia-Plus

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар робита ба қарори вазири маориф доир ба санаи 1 сентябр ба дарс ҳозир шудани хонандагони мактабҳову донишҷӯён изҳорот пахш намуд.

Ба андешаи Зойиров, ин мустақиман поймол кардани қонун аст. Ӯ аз вазири маориф даъват кард, ки қонунро риоя намуда, бо дархости ба дигар рӯз гузаронидани Иди Қурбон муроҷиат намояд ё қарори ғайриқонунии худро бекор созад.

Дар изҳороти Зойиров дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук қайд мешавад, ки мақомоти салоҳиятдор эълон карданд, ки имсол Иди Қурбон санаи 1 сентябр ҷашн гирифта мешавад, аз ин рӯ, иҷрои қонун зарур аст, чунки мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон Иди Қурбон рӯзи истироҳат аст.

«Қарори 1 сентябрро рӯзи дарсӣ эълон кардани Вазорати маориф мустақиман нақз ва нодида гирифтани қонун дар бораи рӯзҳои ид ва истироҳат, ҳуқуқи шаҳрвандон ба истироҳат ва озодии виҷдон мутобиқи қонунгузорӣ аст, – менависад ӯ. – Агар барои Вазорати маориф гузаронидани рӯзи 1 сентябр ҳамчунин Рӯзи дониш зарур бошад, пас аввал мебоист бо мақомоти дахлдор ба рӯзи дигар гузаронидани Иди Қурбонро мувофиқа мекард».

Ба қавли ҳуқуқшинос Зойиров танҳо ду роҳи риоя ва иҷрои қонун мавҷуд аст – ҷашни Иди Қурбонро ба рӯзи дигар гузаронидан ё бекор кардани қарори худ, ки ғайриқонунӣ буда, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро поймол месозад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...