Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Барномаи рушди СММ дар ҳамдастӣ бо шарики маҳаллӣ – Ташкилоти машваратии кишоварзии «Нексигол Мушовир» дар меҳмонхонаи «Шератон» таҳти унвони «Нақши технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар рушди агробизнес» конфронси минтақавӣ барпо мекунанд. Оғоз соати 09:00;

– Дар Ҳисор мусобиқаи байнулмилалии «CAFA U-15 Girls Tournament 2017»  миёни духтарони синни то 15-сола барои кишварҳои иштирокчии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ҷараён дорад;

– Дар Остона мурофиаи такрории судӣ оид ба баррасии парвандаи собиқ сардабири газетаи «Central Asia Monitor»  ва директори портали интернетии «Радиоточка» Бигелди Габдулин шурӯъ мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8063 сомонӣ;

1 евро – 10.5059 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1479 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1930 — Бо фармони КИМ ҶШСТ ноҳияҳои Саройқамар, Куйбишев, Қӯрғонтеппа ва Шаҳритӯс таъсис дода шуданд.

1949 – Иттиҳоди Шӯравӣ озмоиши нахустини аслиҳаи ядроиро доир намуд.

1990 – Шумораи нахустини рӯзномаи «Садои мардум» ба табъ расид.

2000 – Ин рӯз оғози рӯзи ҳисоби ҷабридагон аз мина дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон маҳсуб меёбад. Дар мавзеи Хонободи ноҳияи Исфара 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз таркиши мина осеб диданд.

2007 — Ҳукумати ҶТ созишнома бо ширкати РУСАЛ оид ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро бекор кард.

2008 — Дар пойтахти Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои нишасти сарони кишварҳои СҲШ Декларатсияи Душанбе ба имзо расид, ки дар он нақш ва ҷойгоҳи СҲШ дар минтақаи Осиёи Марказӣ инъикос гардид.

2016 — Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар синни 79-солагӣ аз олам даргузашт.

1932 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Нӯъмон Тоштемиров.

1949 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муҳаммадӣ Мирзоалиев.

1956 – Зодрӯзи Хайриддин Абдураҳимов, собиқ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ.

1962 – Мавлуди журналист Муҳаммад Зокир.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +32+37; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +23+28.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +34+39; дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +29+34.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар шарқи вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +11+16, рӯзона +27+32; дар шарқ шабона 0+5, рӯзона +14+19.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +33+38; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +27+32. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +35+37.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +29+31.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...