Дарёфти ҷасади муовини сардори ШВКД ноҳияи Айнӣ 300 метр поинтар аз ҷойи ҳодиса

Ҷасади муовини сардори Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Рамазон Муҳаммадзода баъди 19 рӯз дарёфт шуд. Рамазон Муҳаммадзода рӯзи 9 август дар роҳ ба самти ноҳияи Айнӣ, ки ба он ҷо муовини сардори ШВКД таъин шуда буд, ба садама дучор гардида, бедарак шуда буд. Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ дар […]

Ҷасади муовини сардори Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Рамазон Муҳаммадзода баъди 19 рӯз дарёфт шуд. Рамазон Муҳаммадзода рӯзи 9 август дар роҳ ба самти ноҳияи Айнӣ, ки ба он ҷо муовини сардори ШВКД таъин шуда буд, ба садама дучор гардида, бедарак шуда буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ дар ин робита хабар дод, ҷасади Рамазон Муҳаммадзода 300 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса дарёфт шудааст.

Тавре қаблан эҳтимол мерафт, автомашинаи таҳти идораи Муҳаммадзода назди деҳаи Петеи ноҳияи Айнӣ ба рӯдхонаи Фондарё чаппа шуда, дар соҳили дарё ҳуҷҷатҳои муовини тозатаъини сардори ШВКД пайдо шуда буданд.

«Дар автомашина ҳамчунин се мусофири дигар – Қурбоной Сардороваи 65-сола ва Раҷаб Ҳайталиеви 72-сола, сокинони ноҳияи Панҷ, сокини ноҳияи Мастчоҳ Абдуллобек Усмонови 66-сола низ ҳузур доштаанд, ки ҷасадҳои онҳо низ дарёфт шуд», – гуфт намояндаи ВКД Тоҷикистон.

Аввали моҳи августи соли равон Рамазон Муҳаммадзода ба вазифаи муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Айнӣ таъин шуда, дар роҳ ба ҷойи кори нав ба садама дучор гардид.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем,мусофирон ба осоишгоҳи «Баҳористон» дар шимоли ҷумҳурӣ сафар доштаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.