Натиҷаҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин: 230 млн. доллар барои сохтмони маҷмааҳо

Чин ба Тоҷикистон ба сифати грант 230 млн. доллар ва ба сифати қарзи имтиёзнок 79 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад. Чунин аст натиҷаҳои асосии сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин. Дар доираи Созишномаи санаи 1 сентябр баимзорасида миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Чин дар бораи ҳамкории техникӣ ва иқтисодӣ оид ба ҷудо гардидани кумаки бебозгашт ҷониби […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Чин ба Тоҷикистон ба сифати грант 230 млн. доллар ва ба сифати қарзи имтиёзнок 79 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад. Чунин аст натиҷаҳои асосии сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин.

Дар доираи Созишномаи санаи 1 сентябр баимзорасида миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Чин дар бораи ҳамкории техникӣ ва иқтисодӣ оид ба ҷудо гардидани кумаки бебозгашт ҷониби Чин ба Тоҷикистон барои сохтмони маҷмааҳои нави бинои парлумон ва ҳукумат дар ҳаҷми 1,5 млрд. юан (230 млн. доллар) грант ҷудо мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Ғайр аз ин, Пекин ба Душанбе барои сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқ дар ноҳияҳои тобеи марказ ба сифати қарзи имтиёзнок 79 млн. доллари дигар ихтисос медиҳад.

Аксари коршиносони тоҷик сафари кунунии Эмомалӣ Раҳмонро ба Чин хеле пурмаҳсул арзёбӣ мекунанд. Аз рӯи натиҷаҳои сафари давлатӣ байни Тоҷикистону Чин дар маҷмӯъ 24 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. То ин замон заминаи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории кишварҳо беш аз 200 санадро дар бар мегирифт.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 1 сентябр аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 13 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳамчунин байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Чин низ як қатор созишномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба тасвиб расиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.