Дастури Рустами Эмомалӣ оид ба кумакпулии яквақтаина ба собиқадорон

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки ба муносибати ҷашни 26-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ба собиқадорон ва кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе кумаки пулии яквақтаина ҷудо карда шавад. Раиси пойтахт дар бораи ҷудо кардани кумаки яквақтаина ба 51 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамсарони сарбозону афсарони дар ин ҷанг фавтида дар ҳаҷми […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки ба муносибати ҷашни 26-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ба собиқадорон ва кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе кумаки пулии яквақтаина ҷудо карда шавад.

Раиси пойтахт дар бораи ҷудо кардани кумаки яквақтаина ба 51 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамсарони сарбозону афсарони дар ин ҷанг фавтида дар ҳаҷми 900 сомонӣ ба ҳар кадоме қарор ба имзо расонид. 90 нафар кормандони Боғи Ғалаба ба маблағи 600 сомонигӣ кумаки якдафъаина мегиранд.

Ба сарбозони интернатсионалист ва иштиргокчиёни рафъи садама дар нерӯгоҳи атомии Чернобил аз буҷети шаҳр 500 сомонигӣ дода мешавад.

Ҳамчунин дастур дода шудааст, ки ҳамаи кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳо, кӯчарӯбон, кормандони оромгоҳҳои пойтахт ҳар кадоме ба маблағи 1 ҳазор сомонӣ бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида шаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.