Гумонбарии соҳибкор ба фурӯши ғайриқонунии сарулибоси мактабӣ аз Ӯзбекистон

Дар бозори ҶДММ “Достӣ”-и пойтахт аз як соҳибкор аз шаҳри Истаравшан як миқдор сарулибоси мактабӣ мусодира шуд, ки кормандони гумрук онро ғайриқонунӣ аз Ӯзбекистон воридшуда арзёбӣ мекунанд. Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, зимни баргузории як рейд дар бозорҳои фурӯши либосворӣ, як миқдор сарулибоси мактабӣ ошкор гардидааст, ки бидуни ҳуҷҷатгузории гумрукӣ ба фурӯш […]

Asia-Plus

Дар бозори ҶДММ “Достӣ”-и пойтахт аз як соҳибкор аз шаҳри Истаравшан як миқдор сарулибоси мактабӣ мусодира шуд, ки кормандони гумрук онро ғайриқонунӣ аз Ӯзбекистон воридшуда арзёбӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, зимни баргузории як рейд дар бозорҳои фурӯши либосворӣ, як миқдор сарулибоси мактабӣ ошкор гардидааст, ки бидуни ҳуҷҷатгузории гумрукӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

 

Муайян карда шудааст, ки сокини 35-солаи шаҳри Истаравшан дар фурӯшгоҳи худ дар бозори “Достӣ” ба фурӯши сарулибоси мактабие машғул будааст, ки эъломияҳои гумрукӣ надоштаанд. Аз дӯкони соҳибкор 104 баста либосҳои мактабии кӯдаконаи истеҳсоли Ӯзбекистон дарёфт шудааст.

Дар вақти пурсиш муайян гардидааст, ки ин либосҳои кӯдаконаи мактабиро номбурда аз бозорҳои либосфурӯшии вилояти Суғд барои фурӯш дар бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе аз соҳибкорони ба ӯ ношинос бе ҳуҷҷатҳои воридотии гумрукӣ харидорӣ намудааст.

Гуфта мешавад, бо ин ҳаракатҳои худ соҳибкор ба қонуншиканӣ роҳ додааст, ки ҷавобгарии маъмурии он дар моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ҷавобгарии маъмуриро барои харидан, нигоҳ доштан, интиқол додан, ҳамлу нақл, истифодабарӣ ва мусоидат ба фурӯши моли бидуни назорати гумрукӣ воридшударо пешбинӣ шудааст.

Зикр мегардад, ки аз рӯи ҳолати мазкур нисбати соҳибкор бо моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, ба Суди ноҳия Фирдавсии шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.