Парвандаи ҷиноӣ нисбати як сарбоз барои ба бар накардани либоси низомӣ

Додситонии ҳарбии вилояти Хатлон зидди сарбози 18-сола Даниил Исломов, ки бо далели боварҳои динӣ аз пӯшидани либоси низомӣ ва ба даст гирифтани силоҳ худдорӣ мекунад, парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба додгоҳ фиристодааст. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Исломов пайрави созмони мамнуи динии “Шоҳидони Яҳво” буда, моҳи апрели соли равон аз ноҳияи Фирдавсии […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Додситонии ҳарбии вилояти Хатлон зидди сарбози 18-сола Даниил Исломов, ки бо далели боварҳои динӣ аз пӯшидани либоси низомӣ ва ба даст гирифтани силоҳ худдорӣ мекунад, парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба додгоҳ фиристодааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Исломов пайрави созмони мамнуи динии “Шоҳидони Яҳво” буда, моҳи апрели соли равон аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба хидмати ҳарбӣ дар як қисми низомии шаҳри Қурғонтеппа ҷалб шудааст, вале то ҳол аз пушидани либоси низомӣ бо баҳонаи мазҳабӣ худдорӣ мекунад.

Ҳоло додситонӣ зидди ин ҷавон бар пояи банди 376, қисми 1 (саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хидмати ҳарбӣ бо роҳи фиреб)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айб эълом кардааст.

"То ҳол боре либоси низомӣ ба бар накардааст. Мегӯяд, ки ин дар мазҳаби мо нест ва мо набояд либоси низомӣ пӯшем”, – гуфт додраси додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон Алишер Рафиқзода. Ба гуфтаи ӯ, Исломов боздошт нашудааст ва феълан дар қисми ҳарбӣ қарор дорад ва рӯзи мурофиаашро ҳам муайян накардаанд.

Исломов ҳанӯз дар комиссариати ҳарбӣ гуфтааст, ки аз рӯи боварҳои мазҳабиаш наметавонад либоси ҳарбӣ ба бар кунаду силоҳ ба даст бигирад ва бинобар ин ӯро ба хидмати ҳарбии алтернативӣ ҷалб кунанд, то корҳои ғайринизомӣ анҷом диҳад.

Аммо Оксана Исломова, модари Даниил ба хабаргузории мазҳабии “Форум 18” гуфтааст, ки мақомот ин дархости писарашро рад кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.