Пирӯзии нахустини мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври сеюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дастаи Непалро шикаст дод. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», ин бозӣ, 5 сентябр дар шаҳри Катманду баргузор ва бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи Тоҷикистон хотима ёфт. Голи аввали вохӯриро Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқи 25-ум ва голи дуввумро Дилшод Восиев дар дақиқаи 30-юми […]

Хабаргузории «Озодагон»

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври сеюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дастаи Непалро шикаст дод.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», ин бозӣ, 5 сентябр дар шаҳри Катманду баргузор ва бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи Тоҷикистон хотима ёфт.

Голи аввали вохӯриро Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқи 25-ум ва голи дуввумро Дилшод Восиев дар дақиқаи 30-юми рақобат ба ҳадаф расонд. Ягона голи ҷониби Непалро дар дақиқаи 51-ум Бимал Ғартӣ Магар вориди дарвозаи футболбозони тоҷик намуд.

Мунтахаби кишвар дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 нахустин бозиашро бо мунтахаби Яман анҷом дод. Ин бозӣ бо ҳисоби 1:2 хотима ёфт. Дар бозии дуввум аз дастаи Филиппинро бо ҳисоби 4:3 шикаст хӯрд.

Қобили зикр аст, ки дастаҳои мунтахаби Австралия, Арабистони Саудӣ, АМА, Қатар, Чин, Эрон, Ҷопон, Сурия, Таиланд, Ироқ, Кореяи ҷанубӣ ва Узбекистон мустақиман дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё- 2019, ки дар Амороти Мутаҳидаи Араб мегузаранд, иштирок мекунанд.

Дастаҳои мунтахаби Кореяи шимолӣ, Урдун, Уммон, Лубнон, Фаластин, Қирғизистон, Гон-Конг, Туркманистон, Сингапур, Ветнам, Кувайт, Филиппин, Гуам, Баҳрайн, Афғонистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Малайзия, Камбоҷа, Яман ва Мянма дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Осиё- 2019 якҷоя бо ғолибони се ҷуфти бозиҳои плей-оффи 1, ҷамъ 24 даста  имсол дар 6 гурӯҳи чордастагӣ барои роҳхат гирифтан ба бозиҳои ниҳоӣ мубориза мебаранд. Дар натиҷа ғолибони гурӯҳ ва соҳибони ҷои дуюм ба қатори 12 дастаи финалист ҳамроҳ мешаванд.

Тақвими бозиҳои боқимонда дар гурӯҳ:

Даври 4-ум

10 октябр (сешанбе)

ТРҶИКИСТОН – Непал

Яман – Филиппин

Даври 5-ум

14 ноябр (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Яман

Непал – Филиппин

Даври 6-ум

27 марти соли 2018 (сешанбе)

Филиппин – ТОҶИКИСТОН

Яман – Непал

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.