Дабири кулли СААД ба Тоҷикистон ташриф меорад

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Юрий Хачатуров рӯзи 7 сентябр бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Созмон Владимир Зайнетдинов хабар дод, сафари Дабири кулли СААД бо мақсади баррасии масоили омодагӣ ба иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва Ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи […]

Asia-Plus

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Юрий Хачатуров рӯзи 7 сентябр бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Созмон Владимир Зайнетдинов хабар дод, сафари Дабири кулли СААД бо мақсади баррасии масоили омодагӣ ба иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва Ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шӯрои амнияти СААД, ки тирамоҳи имсол дар шаҳри Минск баргузор мешаванд, сурат мегирад.

Ба гуфтаи ӯ, зимни сафар Юрий Хачатуров бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид мекунад. Ҳамчунин гуфтушунидҳои Дабири кулли СААД бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров ва сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар назар аст.

Юрий Хачатуров намояндаи Арманистон буда, моҳи апрели соли равон Дабири кулли СААД таъин шуд. То сари ин мансаб омадани ӯ ин вазифаро муддати 10 сол Николай Бордюжа ба уҳда дошт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.