Отамбоев ваъда дод, ки ҳеч кадом нерӯгоҳ бе ширкати Ӯзбекистон сохта намешавад

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Қирғизистон гуфтааст, ки бо ҳамтои қирғизаш Алмосбек Отамбоев дар мавриди масоили об "ҷиддан" ба созиш расидаанд.

"Мо дақиқан ба созиш расидем. Отамбоев гуфт, ки ҳеч кадом неругоҳ бе ширкати Ӯзбекистон сохта намешавад. Мо комилан розӣ ҳастам ва мо фаъолона ширкат мекунем, кумаки молӣ мерасонем ва агар зарур шавад масолеҳ ҳам медиҳем", – гуфт Мирзиёев.

"Мо неругоҳи Қамбаротаро муштарак месозем. Зеро ин неругоҳ барои мо зарур аст. Агар мо биандешем, ки таърих моро нахоҳад бахшид, мо бояд ин корро бо тааммул ва хирадмандона анҷом диҳем, ки ба нафъи ҳар ду ҷониб ба поён расад. Ва ин манфиатовар аст", – гуфт вай.

Президенти Ӯзбекистон ҳамчунин хабар дод, ки ҷонибҳо дар мавриди шиддат бахшидани сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон ва сохтмони роҳи мошингарди Ӯш-Андиҷон-Қошғар ба созиш расидаанд.

Ёдрас мешавад, ки сохтмони неругоҳ солҳои тӯлонӣ яке аз мавзуъҳои баҳсии ду кишвар буд. Ӯзбекистон талаб дошт, ки лоиҳаҳои неругоҳҳои Қирғизистон аз ташхиси зистмуҳитии байналхалқӣ бигзаранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...