Отамбоев ваъда дод, ки ҳеч кадом нерӯгоҳ бе ширкати Ӯзбекистон сохта намешавад

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Қирғизистон гуфтааст, ки бо ҳамтои қирғизаш Алмосбек Отамбоев дар мавриди масоили об "ҷиддан" ба созиш расидаанд. "Мо дақиқан ба созиш расидем. Отамбоев гуфт, ки ҳеч кадом неругоҳ бе ширкати Ӯзбекистон сохта намешавад. Мо комилан розӣ ҳастам ва мо фаъолона ширкат мекунем, кумаки молӣ мерасонем ва агар зарур шавад масолеҳ ҳам […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Қирғизистон гуфтааст, ки бо ҳамтои қирғизаш Алмосбек Отамбоев дар мавриди масоили об "ҷиддан" ба созиш расидаанд.

"Мо дақиқан ба созиш расидем. Отамбоев гуфт, ки ҳеч кадом неругоҳ бе ширкати Ӯзбекистон сохта намешавад. Мо комилан розӣ ҳастам ва мо фаъолона ширкат мекунем, кумаки молӣ мерасонем ва агар зарур шавад масолеҳ ҳам медиҳем", – гуфт Мирзиёев.

"Мо неругоҳи Қамбаротаро муштарак месозем. Зеро ин неругоҳ барои мо зарур аст. Агар мо биандешем, ки таърих моро нахоҳад бахшид, мо бояд ин корро бо тааммул ва хирадмандона анҷом диҳем, ки ба нафъи ҳар ду ҷониб ба поён расад. Ва ин манфиатовар аст", – гуфт вай.

Президенти Ӯзбекистон ҳамчунин хабар дод, ки ҷонибҳо дар мавриди шиддат бахшидани сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон ва сохтмони роҳи мошингарди Ӯш-Андиҷон-Қошғар ба созиш расидаанд.

Ёдрас мешавад, ки сохтмони неругоҳ солҳои тӯлонӣ яке аз мавзуъҳои баҳсии ду кишвар буд. Ӯзбекистон талаб дошт, ки лоиҳаҳои неругоҳҳои Қирғизистон аз ташхиси зистмуҳитии байналхалқӣ бигзаранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.