Аввалин гурӯҳи зойирини тоҷик рӯзи 11 сентябр ба ватан бармегардад

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Нахустин гурӯҳи зойирини тоҷик иборат аз 187 нафар тариқи ҳавопаймои Boeing 737-800-и ширкати «Сомон Эйр» соати 07:30 дақиқаи рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда ба Душанбе бармегарданд.

Котиби матбуотии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон Афшин Муқим ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки шурӯъ аз 11 сентябр то 25 сентябр ҳамарӯза ҷиҳати ба ватан овардани ҳоҷиёни тоҷикистонӣ як парвоз анҷом дода мешавад.

Мувофиқи созишҳои ҳосилшуда миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, имсол ду ширкати ҳавопаймоии ҳарду давлат – “Сомон Эйр” ва Flynas ба ҳаҷравандагон хизматгузорӣ мекунанд.

Арзиши ҳаҷ барои тоҷикистониён имсол 32 ҳазору 671 сомонӣ (тибқи қурби ҳозира – беш аз 3 ҳазору 630 доллар)-ро ташкил дода, шумори квотаҳо ба Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ бетағйир – 6,3 ҳазор нафар боқӣ монд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон дар бораи ба квотаи ҳаҷ дохил накардани шахсони синни аз 40-сола поин қарор қабул шуда, Кумитаи дин бо ин васила масъалаи навбати хеле зиёди хоҳишмандони адои маросими ҳаҷро ҳаллу фасл карданист.

Муддати чандин сол Арабистони Саудӣ шумори квотаҳои ҳаҷ барои кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро 20% кам мекунад ва бисёре аз шахсони калонсол аз имкони адои маросими ҳаҷ маҳрум мешаванд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...