Рақобати футболбозони ҷавони тоҷик бо дастаҳои Мексика, Чин ва Уммон

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар доираи омодагӣ ба даври интихобии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2018 мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар мусобиқаи байнулмилалии «The 3rd Chang An Ford Cup International Youth Football Tournament 2017» дар Чин (20-24 сентябр) ширкат меварзад.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа ба ҷуз дастаи Тоҷикистон, тимҳои соҳибони майдон – Чин, Мексика ва Уммон низ иштирок карда, бозии аввалро футболбозони тоҷик санаи 20 сентябр – бо Мексика, бозии дуюмро санаи 22 сентябр – бо Чин ва бозии охирро рӯзи 24 сентябр – бо тими Уммон доир мекунанд.

Иштироки мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар ин мусобиқа яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2018 маҳсуб меёбад, ки аз 31 октябр то 8 ноябр дар Ҳисор доир мегардад.

Дар марҳилаи интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба мусобиқаи Чемпионати Осиё, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо тимҳои Бангладеш (31 октябр), Шри-Ланка (4 ноябр), Малдив (6 ноябр) ва Ӯзбекистон (8 ноябр) рақобат мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...