Рақобати футболбозони ҷавони тоҷик бо дастаҳои Мексика, Чин ва Уммон

Дар доираи омодагӣ ба даври интихобии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2018 мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар мусобиқаи байнулмилалии «The 3rd Chang An Ford Cup International Youth Football Tournament 2017» дар Чин (20-24 сентябр) ширкат меварзад. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа ба ҷуз дастаи Тоҷикистон, тимҳои соҳибони майдон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар доираи омодагӣ ба даври интихобии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2018 мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар мусобиқаи байнулмилалии «The 3rd Chang An Ford Cup International Youth Football Tournament 2017» дар Чин (20-24 сентябр) ширкат меварзад.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа ба ҷуз дастаи Тоҷикистон, тимҳои соҳибони майдон – Чин, Мексика ва Уммон низ иштирок карда, бозии аввалро футболбозони тоҷик санаи 20 сентябр – бо Мексика, бозии дуюмро санаи 22 сентябр – бо Чин ва бозии охирро рӯзи 24 сентябр – бо тими Уммон доир мекунанд.

Иштироки мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар ин мусобиқа яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2018 маҳсуб меёбад, ки аз 31 октябр то 8 ноябр дар Ҳисор доир мегардад.

Дар марҳилаи интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба мусобиқаи Чемпионати Осиё, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо тимҳои Бангладеш (31 октябр), Шри-Ланка (4 ноябр), Малдив (6 ноябр) ва Ӯзбекистон (8 ноябр) рақобат мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.