Нигаронии сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркия аз вазъи мусулмонони Мянма

Бо ибтикори ҷониби Туркия нимаи дуюми рӯзи 7 сентябр миёни сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркия  Эмомалӣ Раҳмон ва Реҷеп Тайип Эрдоган суҳбати телефонӣ сурат гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ибтидои суҳбат сарони ду давлат таманниёти неки худро ба ҳамдигар ба муносибати таҷлили санаи хотирмон дар таърихи муосири муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия – […]

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Бо ибтикори ҷониби Туркия нимаи дуюми рӯзи 7 сентябр миёни сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркия  Эмомалӣ Раҳмон ва Реҷеп Тайип Эрдоган суҳбати телефонӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ибтидои суҳбат сарони ду давлат таманниёти неки худро ба ҳамдигар ба муносибати таҷлили санаи хотирмон дар таърихи муосири муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия – 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии миёни ду кишвари бо ҳам дӯст иброз доштанд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум як силсила масъалаҳои мубрами дуҷониба ва байналмилалиро мавриди табодули афкор қарор доданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон тазаккур дод, ки муколамаи доимии сатҳи олӣ омили муҳими рушду таҳкими пайгиронаи муносиботи байнидавлатии Тоҷикистону Туркия дар шакли дуҷониба ва дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.

Дар ин замина паймон ҳосил гашт, ки  санаи ташрифи расмии Президенти Туркия ба Тоҷикистон мушаххас хоҳад шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои байналмилалӣ сарони ду давлат дар робита ба вазъе, ки нисбат ба ҷомеаи мусулмонон дар кишвари Мянма ба амал омадааст, изҳори нигаронии ҷиддӣ намуданд. Онҳо афзоиши исломбадбиниро дар Мянма ва ҳамзамон  ҳамлаҳои мусаллаҳонаи гурӯҳҳои иртиҷоиро  дар Ракхайн қотеъона маҳкум карданд.

Аз ин лиҳоз ҷонибҳо  ҷиҳати ҳалли одилонаи ҳама гуна низоъҳои этникӣ ва мазҳабӣ  сирф бар асоси муколамаи мусолиҳатомез изҳори ақида намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, то бо истифода аз воситаҳои муассир пеши роҳи чунин зуҳуроти хатарзо гирифта шавад.

Суҳбати телефонии сарони ду давлати дӯст дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷуҳи ҷонибайнро низ фарогир буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.