Каме дуртар аз Душанбе яке аз НФС оташ гирифт

Дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе – Ваҳдат нимаи рӯзи 7 сентябр нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) бо номи “Сафина” оташ гирифт. Аз сӯхтор касе осеб надид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, соати 12:05-дақиқа дар НФС «Сафина», мансуб ба ҶДММ «Ваҳдат-20», воқеъ дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Ваҳдат, деҳаи Қирғизони шаҳри Ваҳдат, сӯхтор сар зад. Гуфта мешавад, мувофиқи […]

Дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе – Ваҳдат нимаи рӯзи 7 сентябр нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) бо номи “Сафина” оташ гирифт. Аз сӯхтор касе осеб надид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, соати 12:05-дақиқа дар НФС «Сафина», мансуб ба ҶДММ «Ваҳдат-20», воқеъ дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Ваҳдат, деҳаи Қирғизони шаҳри Ваҳдат, сӯхтор сар зад.

Гуфта мешавад, мувофиқи иттилои коршиносони соҳа, сӯхтор бо сабаби риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми холӣ намудани гази моеъ аз автомашина ба зарфҳои нигоҳдории газӣ, яъне дар натиҷаи ихроҷшавии гази моеъ аз зарфи автомашинаи тамғаи «Дулан» ба амал омадааст.

Қайд мешавад, ки дар натиҷаи сӯхтор фавти одамон ва ҳолатҳои бардоштани ҷароҳатҳои сӯзиши бадан ба қайд гирифта нашуда, зарар аз сӯхтор аз тарафи мутахассисон муайян карда мешавад ва тафтиши ҳодисаи мазкур аз тарафи хадамоту мақомотҳои дахлдор идома дорад.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта бар асари риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор аз ҷониби ронандагони автомашинаҳои боркаши сӯзишворӣ, дар ду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ таркиш ба амал омад. Моҳи июл дар натиҷаи чунин ҳодиса дар ноҳияи Бохтар 1 нафар ҳалок ва 17 нафар ҷароҳат бардоштанд.

https://www.youtube.com/watch?v=GHqN-qJRy8w

Моҳи декабри соли гузашта боз дар НФС-и “Ҳоҷиён”-и ноҳияи Бохтар ба ин монанд ҳодиса рух дода, он ҷо низ автомашаина бо гази моеъ таркид. 

https://www.youtube.com/watch?v=CSggn34mFvY

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.