Машқи ниҳоии чорабинии ҷашни Рӯзи истиқлолият дар Душанбе

Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе шоми 7 сентябр машқи ниҳоии чорабинии идона бахшида ба ҷашни Рӯзи истиқлолият доир гардид. Ин машқҳо муддати қариб як моҳ идома ёфта, ба он ҳазорон донишҷӯёну хонандагони мактабҳо ҷалб шудаанд. Ин барномаи идона санаи 9 сентябр намоиш дода мешавад. Қобили зикр аст, ки бархе аз донишҷӯёне, ки дар пойтахт таҳсил […]

Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе шоми 7 сентябр машқи ниҳоии чорабинии идона бахшида ба ҷашни Рӯзи истиқлолият доир гардид.

Ин машқҳо муддати қариб як моҳ идома ёфта, ба он ҳазорон донишҷӯёну хонандагони мактабҳо ҷалб шудаанд. Ин барномаи идона санаи 9 сентябр намоиш дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки бархе аз донишҷӯёне, ки дар пойтахт таҳсил мекунанд, аз иштирок дар ин чорабинӣ чандон розӣ набуда, баръакс боз донишҷӯёне ҳастанд, ки ҳузур дар чорабиниро аз нишастан дар аудиторияҳо афзалтар медонанд. Онҳо мегӯянд, аллакай муяссарашон шудааст, ки бо чанде аз ситораҳои санъату ҳунар аксбардорӣ намоянд. Сарбозони як қисми низомии Қӯрғонтеппа бошанд, комилан из иштирокашон хушҳоланд.

Ба қавли дастандаркорони чорабинӣ, ба донишҷӯёну хонандагон барои иштирок дар барномаи идона як қатор имтиёзҳо дода мешавад, аз қабили иқомати бепул дар хобгоҳ барои донишҷӯёни берун аз шаҳр, супурдани имтиҳонҳо дар шакли осонтар, ба хонандагони мактабҳо бепул тақсим кардани китобҳои дарсӣ ва ғайра.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.