Боздошти занону кӯдакони ҷангиёни тоҷики ДИ дар қароргоҳи Ироқ

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Мақомоти Ироқ ҳудуди 1 ҳазору 400 зан ва кӯдаки ҷангиёни хориҷии гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ)-ро дар қароргоҳе нигаҳ медоранд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Reuters, бештари ин занону кӯдакон аз Туркия омадаанд ва миёнашон шаҳрвандони Тоҷикистон, Озарбойҷон, Русия ва баъзеи кишварҳои Осиё низ ҳастанд. "Дар миёни онҳо шумори хеле ками шаҳрвандони Фаронса ва Олмон низ дида мешавад", – гуфтаастт манбаъ.

Хабаргузорӣ қайд кардааст, ки занону кӯдакон хонаводаҳои ҷангиёни ДИ ҳастанд, ки дар натиҷаи амалиёти нирӯҳои Ироқ дар шаҳру навоҳии зери идораи тундравон, аз ҷумла Мавсил боздошт шудаанд. Мақомот онҳоро дар як қароргоҳ, воқеъ дар ҷануби ин шаҳр нигаҳ медоранд.

Як афсари хадамоти иктишофии Ироқ гуфтааст, ҳоло талош доранд, шахсият ва шаҳрвандии боздоштшудаҳоро муайян кунанд. Зеро бештари онҳо ҳангоми боздошт бо худ шиноснома надоштанд.

Полковники артиши Ироқ Аҳмад Атоӣ илова кардааст, ки артиш аъзои хонаводаи ҷангиёнро дар як ҷо нигоҳ медорад ва мунтазири амри ҳукумат аст, то сарнавишти баъдии онҳоро мушаххас кунад.

Гуфта мешавад,  рӯзноманигорони хабаргузорӣ дидаанд, ки чи гуна садҳо зану кӯдак бо бору бӯғчаҳояшон дар дохили хаймаҳои қароргоҳ дар рӯи кӯрпача нишаста буданд.

Бино ба маълумоти СММ, айни замон 234 оилаи тоҷикистониён иборат аз 840 нафар дар қаламрави Ироқу Сурия қарор доранд, ки 309 нафарашон мардон, 279 нафарашон – занон, 110 нафар – духтарон ва 142 нафарашон – писарбачаҳо мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ҳукуматдорони Тоҷикистон, тайи ду сол, аз соли 2015 то соли 2017 19 оилаи иборат аз 61 нафари тоҷикистониён аз макони даргириҳо бароварда шудаанд, ки миёни онҳо 21 нафар духтарону 20 нафар писарбачаҳо ҳузур доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...