Боздошти занону кӯдакони ҷангиёни тоҷики ДИ дар қароргоҳи Ироқ

Мақомоти Ироқ ҳудуди 1 ҳазору 400 зан ва кӯдаки ҷангиёни хориҷии гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ)-ро дар қароргоҳе нигаҳ медоранд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Reuters, бештари ин занону кӯдакон аз Туркия омадаанд ва миёнашон шаҳрвандони Тоҷикистон, Озарбойҷон, Русия ва баъзеи кишварҳои Осиё низ ҳастанд. "Дар миёни онҳо шумори […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Мақомоти Ироқ ҳудуди 1 ҳазору 400 зан ва кӯдаки ҷангиёни хориҷии гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ)-ро дар қароргоҳе нигаҳ медоранд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Reuters, бештари ин занону кӯдакон аз Туркия омадаанд ва миёнашон шаҳрвандони Тоҷикистон, Озарбойҷон, Русия ва баъзеи кишварҳои Осиё низ ҳастанд. "Дар миёни онҳо шумори хеле ками шаҳрвандони Фаронса ва Олмон низ дида мешавад", – гуфтаастт манбаъ.

Хабаргузорӣ қайд кардааст, ки занону кӯдакон хонаводаҳои ҷангиёни ДИ ҳастанд, ки дар натиҷаи амалиёти нирӯҳои Ироқ дар шаҳру навоҳии зери идораи тундравон, аз ҷумла Мавсил боздошт шудаанд. Мақомот онҳоро дар як қароргоҳ, воқеъ дар ҷануби ин шаҳр нигаҳ медоранд.

Як афсари хадамоти иктишофии Ироқ гуфтааст, ҳоло талош доранд, шахсият ва шаҳрвандии боздоштшудаҳоро муайян кунанд. Зеро бештари онҳо ҳангоми боздошт бо худ шиноснома надоштанд.

Полковники артиши Ироқ Аҳмад Атоӣ илова кардааст, ки артиш аъзои хонаводаи ҷангиёнро дар як ҷо нигоҳ медорад ва мунтазири амри ҳукумат аст, то сарнавишти баъдии онҳоро мушаххас кунад.

Гуфта мешавад,  рӯзноманигорони хабаргузорӣ дидаанд, ки чи гуна садҳо зану кӯдак бо бору бӯғчаҳояшон дар дохили хаймаҳои қароргоҳ дар рӯи кӯрпача нишаста буданд.

Бино ба маълумоти СММ, айни замон 234 оилаи тоҷикистониён иборат аз 840 нафар дар қаламрави Ироқу Сурия қарор доранд, ки 309 нафарашон мардон, 279 нафарашон – занон, 110 нафар – духтарон ва 142 нафарашон – писарбачаҳо мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ҳукуматдорони Тоҷикистон, тайи ду сол, аз соли 2015 то соли 2017 19 оилаи иборат аз 61 нафари тоҷикистониён аз макони даргириҳо бароварда шудаанд, ки миёни онҳо 21 нафар духтарону 20 нафар писарбачаҳо ҳузур доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.