Мурофиаи собиқ вакилони маҷлиси шаҳри Истиқлол барои қаллобӣ ва порадиҳӣ

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Дар суди шаҳри Хуҷанд оид ба баррасии парванда нисбати собиқ вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд Равшан Ҳасанов ва Саодат Шарифзода мурофиа оғоз гардид.

Қаблан зимни нишасти хабрии ҷамъбасти нимсолаи аввал сардори Раёсати Агентии зиддифасоди ҶТ дар вилояти Суғд Карим Иброҳимзода дар ин робита изҳор намуда буд, ки Саодат Шарифзода бо истифода аз мансаб ҳамчун вакилонимаҷлиси шаҳрӣ ҳамроҳи ронанда Акбар Исмоилов давоми соли 2013 бо роҳи фиреб ба боварии якчанд сокини маҳаллӣ даромада, аз онҳо 280 ҳазор доллар маблағ гирифтаанд ва онро барои эҳтиёҷоти худ масраф кардаанд.

Дар ҷараёни тафтишоти ин далел 30 марти соли 2017 дар Хуҷанд вакил Равшан Ҳасанов, ки аз манфаитҳои Саодат Шарифзода ҳимоя мекард, барои рӯйпӯш кардани ин ҷиноят ба корманди Раёсати Агентии зиддифасод ба сифати пора 2 ҳазор доллар маблағ пешниҳод мекунад.

Нисбати Ҳасанов худи ҳамон рӯз мутобиқи моддаи 320, қ 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Додани пора ба шахси мансабдор барои аз ҷониби ӯ дидаю дониста анҷом додани ҳаракати (беҳаракатии) ғайриқонунӣ ё такроран додани пора) парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Парвандаи ҷиноӣ нисбати Саодат Шарифзода ва ронанда Акбар Исмоилов аз рӯи моддаҳои 320, қ 2 ва 247, қ. 4 (Қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) оғоз гардида буд.

Қобили зикр аст, ки тӯли 6 моҳи соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 17 далели марбут ба порадиҳӣ ва порагирӣ ба қайд гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...