Мурофиаи собиқ вакилони маҷлиси шаҳри Истиқлол барои қаллобӣ ва порадиҳӣ

Дар суди шаҳри Хуҷанд оид ба баррасии парванда нисбати собиқ вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд Равшан Ҳасанов ва Саодат Шарифзода мурофиа оғоз гардид. Қаблан зимни нишасти хабрии ҷамъбасти нимсолаи аввал сардори Раёсати Агентии зиддифасоди ҶТ дар вилояти Суғд Карим Иброҳимзода дар ин робита изҳор намуда буд, ки Саодат Шарифзода бо истифода аз […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Дар суди шаҳри Хуҷанд оид ба баррасии парванда нисбати собиқ вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд Равшан Ҳасанов ва Саодат Шарифзода мурофиа оғоз гардид.

Қаблан зимни нишасти хабрии ҷамъбасти нимсолаи аввал сардори Раёсати Агентии зиддифасоди ҶТ дар вилояти Суғд Карим Иброҳимзода дар ин робита изҳор намуда буд, ки Саодат Шарифзода бо истифода аз мансаб ҳамчун вакилонимаҷлиси шаҳрӣ ҳамроҳи ронанда Акбар Исмоилов давоми соли 2013 бо роҳи фиреб ба боварии якчанд сокини маҳаллӣ даромада, аз онҳо 280 ҳазор доллар маблағ гирифтаанд ва онро барои эҳтиёҷоти худ масраф кардаанд.

Дар ҷараёни тафтишоти ин далел 30 марти соли 2017 дар Хуҷанд вакил Равшан Ҳасанов, ки аз манфаитҳои Саодат Шарифзода ҳимоя мекард, барои рӯйпӯш кардани ин ҷиноят ба корманди Раёсати Агентии зиддифасод ба сифати пора 2 ҳазор доллар маблағ пешниҳод мекунад.

Нисбати Ҳасанов худи ҳамон рӯз мутобиқи моддаи 320, қ 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Додани пора ба шахси мансабдор барои аз ҷониби ӯ дидаю дониста анҷом додани ҳаракати (беҳаракатии) ғайриқонунӣ ё такроран додани пора) парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Парвандаи ҷиноӣ нисбати Саодат Шарифзода ва ронанда Акбар Исмоилов аз рӯи моддаҳои 320, қ 2 ва 247, қ. 4 (Қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) оғоз гардида буд.

Қобили зикр аст, ки тӯли 6 моҳи соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 17 далели марбут ба порадиҳӣ ва порагирӣ ба қайд гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.